7 октябри 2020 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари он кишвар доктор Ҳилол ас-Сойир бо ҳузури Дабири кулли ҷамъият хонум Маҳо ал-Барҷис баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои башардӯстона миёни ду кишвар, густариш ва тақвияти робитаҳо байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайтро баррасӣ намуданд.
