Супоридани нусхаи эътимоднома ба Муовини вазири корҳои хориҷии Миср

08.10.2020 12:06

7 октябри 2020 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини вазири корҳои хориҷии Миср дар умури ташрифот Ҳотам Тоҷуддин супорид.

Дар суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, роҳҳои густариши бештари ҳамкориҳои Тоҷикистону Мисрро баррасӣ карданд.

Нигористон

Тақвим