6 октябри 2020 дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва брифинги Сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов барои намояндагони воситаҳои ахбори омма, ба муносибати интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 доир мешавад, баргузор шуд.
Дар он роҷеъ ба раванди омодагӣ ба баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ, аз ҷумла оид ба номзадҳое, ки аз ҷониби ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон барои иштирок дар интихобот пешбарӣ гардидаанд, маълумот дода шуд.
Ҳамзамон Сафири Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки айни замон дар Русия қарор доранд, ҷиҳати иштироки фаъол дар интихобот, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ-консулии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск баргузор мегардад, даъват ба амал овард.
Имомуддин Сатторов инчунин таъкид кард, ки айни замон қитъаҳои интихоботӣ дар минтақаҳои номбурдаи Русия барои баргузории интихоботи Президенти Тоҷикистон омода мебошанд.

