7 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Роҳбари давлати мо бо ибрози беҳтарин ва самимитарин таманниёт Президенти Русияро ба муносибати зодрӯзаш сидқан табрик намуданд.
Сарони ду давлат муколамаро оид ба роҳҳои рушди муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Русия идома доданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба ташаннуҷи ташвишовари вазъ дар Қирғизистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.