Супоридани нусхаи эътимоднома ба Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

07.10.2020 11:10

6 октябри 2020 дар Риёз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Аззом ибни Абдулкарим Ал-Қайн супорид.

Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқоти судманд анҷом дод. Дар он масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва роҳҳои густариши онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Saudi-2-01102020.jpg

Saudi-1-01102020.jpg

Нигористон

Тақвим