11 декабри соли 2014 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Азамшо Шарифӣ нусхаи Эътимодномаи худро ба Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии ин кишвар шоҳзода Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Абдулазиз супорид.
Дар ҷараёни суҳбате, ки пас аз тақдими нусхаи Эътимоднома баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар арсаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Шоҳзода Абдулазиз бо ишора ба сатҳи баланди робитаҳои сиёсии кишвари худ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандии ҷониби Саудиро дар тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, ба хусус дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод таъкид намуд.