Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Эрон

11.12.2014 16:03

11 декабри соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар  Душанбе Ҳуҷҷатуллоҳ Фағониро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ Ҳуҷаттулоҳ Фағонӣ паёми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро оид ба раванди музокироти Эрон ва  кишварҳои 5+1 ба Сироҷидин Аслов супорид.

Ҷонибҳо инчунин атрофи масоили густаришу тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар арсаҳои мухталиф табодули назар карданд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Эрон

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Эрон

Нигористон

Тақвим