Фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар Россия дар самти таъмини муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо шиносномаҳои хориҷии биометрӣ

10.12.2014 11:30

17 ноябр то 1 декабри соли 2014 тибқи пешниҳод ва роҳбарии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ барои иҷрои амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини саривақтии муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бо шиносномаҳои нави хориҷии биометрии дорои маълумоти электронӣ бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва анҷом додани вохӯриҳо бо роҳбарони диаспораҳои тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистони муқими шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург ва Уфа ҳайати гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сардори раёсати хизматрасонии консулии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садбарг Ғаниева ба Федератсияи Россия сафари хизматӣ анҷом дод.

Зимни сафар дар якҷоягӣ бо Сардори Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия А.Гулов, консулҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа О. Шамсов, Екатеринбург С. Сафаров ва намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Уфа, Новосибирск бо роҳбарони диаспораҳои тоҷик, фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикистониёни Рязан, Смоленск, Владимир, Иваново, Твер, Чита, Иркутск, Челябинск, Ҷумҳуриҳои Бошқирдистон, Тотористон, Удмуртия, Чувашия, вилоятҳои Перм, Улҳяновск, Кемерово, Новокузнетск, Томск, Омск, Барнаул ва дигарон вохӯриҳо гузаронида шуда, роҷеъ ба тамоми масъалаҳои ҳуқуқӣ ва хизматрасониҳои консулӣ ва дар мавриди навовариҳо дар қонунгузории Россия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки шурӯъ аз 1-уми январи соли 2015 мавриди татбиқ қарор мегиранд, машваратҳои муфид дода шуданд. Дар вохӯриҳо нархномаи шиносномаи хориҷӣ мутобиқи қимати таъиншуда ва судури шиносномаи хориҷӣ мустақиман бидуни иштироки миёнаравон таъкид гардид.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз нуқтаҳои маълумотҷамъкунӣ барои шиносномаҳои хориҷӣ дар Хадамоти консулии Сафорат, консулгариҳои генералӣ дар шаҳрҳои Уфа ва Екатеринбург, инчунин нуқтаҳои иловагӣ дар шаҳрҳои Краснодар, Санкт-Петербург ва Новосибирск амал карда истодаанд. Барои ҷамъ намудани аризаҳои шаҳрвандон ҷиҳати гирифтани шиносномаи хориҷӣ дар назди Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва, консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург ва Уфа гурӯҳҳои мобилӣ ташкил карда шудааст, ки дар ҳолати зарурӣ ба ҷойҳои сукунати шумораи зиёди шаҳрвандон сафар менамоянд. То имрӯз ин гурӯҳҳои мобилӣ ба шаҳрҳои Ярославл, Твер, Иваново, Чита, Иркутск, Челябинск, Нижний Новгород, Самара, Тюмен, Сургут, Красноярск ва Хабаровск сафар намуда,  маълумоти шаҳрвандонро барои тайёр намудани шиносномаи хориҷии биометрӣ ҷамъ намуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар сурати пайдо шудани пешниҳоду саволҳо, эроду нофаҳмиҳо оид ба тартиб ва ҷараёни таъмини шиносномаҳои биометрӣ дар хориҷи кишвар, онҳо метавонанд дар бораи масъалаҳои ҷойдошта ба почтаи электронии ВКХ ҶТ consulardep@mfa.tj муроҷиат намоянд.

Нигористон

Тақвим