9 декабри 2014 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Маҷористон дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Имре Лослотски барпо гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Маҷористонро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, маориф ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима намуданд.
Зимни суҳбат ҳамчунин оид ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.
