9 декабри 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бандар Ҷамил Маҳмудро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози вохӯрӣ Сафир ба С.Аслов паёми Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Саудро ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорид.
Сипас дар рафти суҳбат масоили мубрами рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

