Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи ШВКХ СҲШ дар Москва иштирок намуд

10.09.2020 20:10

10 сентябри соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Москва дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви (ШВКХ) Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок намуд.

Вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои баъдии бисёрҷанба дар чорчӯби СҲШ дар шароити идомаи ҳамагирии коронавируси навро баррасӣ намуданд. Дар атрофи мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин пиромуни чолишҳо ва таҳдидҳо ба амният дар паҳнои СҲШ табодули афкор сурат гирифт.

Дар рафти суханронии худ Сироҷиддин Муҳриддин қайд намуд, ки ҳамагирии коронавируси нав дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаҳои ҷиддӣ гузоштааст, ки ҳалли онҳо талошҳои ҳамоҳангшуда ва сафарбар намудани захираҳои мавҷударо тақозо менамояд. Дар ин росто роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабули Нақшаи чораҳои аввалиндараҷаи амалӣ барои солҳои 2021-2022 ҷиҳати рафъи паёмадҳои  иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, молиявӣ ва озуқаворӣ дар робита ба ҳамагирии коронавируси нав дар минтақаро дар рафти ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ пешниҳод намуд.

С. Муҳриддин таъкид кард, ки масъалаҳои марбут ба самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ дар рӯзномаи СҲШ ҳамчун авлавият боқӣ мемонанд. Қайд гардид, ки дарёфти ҳалли самараноки мубориза бо таҳдидҳои мазкур аз давлатҳои узви СҲШ талошҳои ҳамоҳангшуда ва дастаҷамъонаро талаб менамояд.

Вазир дар бораи конфронсҳои сатҳи баланди аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршаванда дар мавзӯи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккилона ва манбаъҳои маблағгузории онҳо, ки Созмони Милали Муттаҳид онро “Раванди Душанбе” номгузорӣ кардааст, маълумот дод.

Дар суханронии Вазир зарурати қабули қадамҳои амалӣ барои дастгирии давлатҳое, ки дар сафи пеши мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир қарор доранд, таъкид гардид. Дар ин робита ташаббуси аз ҷониби Тоҷикистон пешбурдшаванда дар бораи таъсис додани Маркази зидди маводди мухаддири СҲШ дар шаҳри Душанбе ҳамчун ниҳоди алоҳидаи доимоамалкунандаи Созмони мазкур ёдоварӣ шуд.

С. Муҳриддин даъват намуд, ки барои густариши маҷмӯи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ дар чорчӯби СҲШ корҳои муассиртар анҷом дода шаванд, аз ҷумла зарурати истифода аз имкониятҳои транзитии давлатҳои узви СҲШ тавассути таъсис додани долонҳои нави нақлиётӣ таъкид гардид.

Вазир қайд намуд, ки Тоҷикистон ба раёсат дар СҲШ омодагии ҳамаҷониба гирифта истодааст ва ният дорад чанд ташаббусҳоро, ки ба таҳкими пай дар пайи ҳамкориҳо дар чорчӯби СҲШ равона шудаанд, пешбарӣ намояд.

Дар анҷоми суханронӣ С.Муҳриддин изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафу вазифаҳои СҲШ-ро ҷонибдорӣ мекунад, ният дорад дар оянда низ баҳри татбиқи қарорҳои мақомоти низомномавии Созмон ва тавофуқҳои дар сатҳҳои гуногун бадастомада чораҳои зарурӣ андешад ва пайваста пайрави “руҳияи Шанхай” мебошад.

Дар натиҷаи ҷаласа Ахбори иттилоотӣ ва қарорҳои дигар дар робита ба омода намудани қисмати муҳтавоии иҷлоси дарпешистодаи сарони давлатҳои узви СҲШ қабул гардиданд.

Ҷаласаи навбатии ШВКХ СҲШ соли 2021 дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Photo-1 СМИД.jpeg

Photo-2 СМИД.jpeg

Photo-3 СМИД.jpeg

 

Photo-4 СМИД.jpeg

Нигористон

Тақвим