9 сентябри соли 2020 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ барпо гардид.
Дар рафти мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ аз сатҳи кунунии равобити сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ карданд.
Вазирон натиҷаҳои ҷаласаи муштараки Шӯрои соҳибкоронро мавриди баррасӣ қарор дода, ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади афзоиши табодули савдои тарафайн аз иқтидори мавҷуда фаъолтар истифода намоянд.
Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ ба масъалаи татбиқи саривақтии лоиҳаи CASA-1000 таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Покистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.