Вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон

09.09.2020 20:45

9 сентябри соли 2020 дар Москва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков мулоқот кард.

Ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои рӯзномаи дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд, дар бораи роҳҳои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бар асоси принсипҳои дӯстии тӯлонӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мубодилаи афкор намуданд.

Вазирон инчунин масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро баррасӣ намуданд.

Роҳбари мақомоти корҳои хориҷии Қирғизистон С. Муҳриддинро бо иди миллӣ - Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик намуд.

K-09-09-2020-20-56.jpg

Нигористон

Тақвим