9 сентябри соли 2020 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраманиам Ҷайшанкар баргузор гардид.
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ вазъ ва рушди баъдии муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Ҳиндустонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз рӯи як қатор масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон С.Ҷайшанкар С.Мухриддинро ба муносибати Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ба ҷониби Ҳиндустон барои кумаки башардӯстона барои мубориза бо паҳншавии сирояти нави коронавирус изҳори сипос карда шуд.