5 декабри 2014 дар шаҳри Женева вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд Мухиса Китуйи баргузор гардид.
Бо ишора ба муҳим будани ҳамкории Тоҷикистон ва Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд, С. Аслов омодагии ҷониби моро ҷиҳати рушди минбаъдаи он дар самти истифодаи таҷриба ва имконияти ин созмон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди иқтисодиёт мутобиқи ӯҳдадориҳо дар Созмони умумиҷаҳонии савдо, рушди системаи нақлиёт, савдо ва гумрук баён намуд.
Зимни вохӯрӣ Мухиса Китуйи маълумот дод, ки дар асоси дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд барои таҳияи "Баҳодиҳии сиёсати сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" корҳои лозимаро оғоз намудааст. Интизор меравад, ки таҳлили мазкур имкониятҳои истифоданашудаи кишварро барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, логистика ва технологияҳои иттилоотӣ муайян месозад. Ҷонибҳо инчунин масъалаи бунёд намудани механизми миллӣ дар Тоҷикистон барои содда намудани соҳаи савдоро муҳокима намуданд.
