Ройзаниҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия роҷеъ ба масъалаҳои СҲШ

05.09.2020 11:25

3 сентябри 2020 дар Москва ройзаниҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай доир гардиданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба вазъ ва дурнамои рушди фаъолияти баъдии абзорҳои ҳамкорӣ дар СҲШ-ро дар шароити ҳолати кунунии эпидемиологӣ баррасӣ намуданд. Инчунин ҳамгомсозӣ дар мавриди иддае аз пешниҳодҳои кишварҳои узви Созмон сурат гирифт.

Ройзаниҳои мазкур мутобиқи Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои соли 2020 баргузор гардиданд.

 

Нигористон

Тақвим