3 сентябри 2020 дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Исломии Эрон 35 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Киш Эйр” аз Машҳад ба Душанбе баргардонида шуданд.
Ҳамзамон тавассути ин парвоз марҳилаи дуюми ёрии тиббии Эрон ҷиҳати мубориза бо бемории ҳамагири Cоvid-19 ба Тоҷикистон расонида шуд.