Бозгашти 347 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон

03.09.2020 15:01

3 сентябри 2020 дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 347 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино бар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд.

Иқдоми мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Қазоқистону Ӯзбекистон, инчунин Намояндагии минтақавии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ амалӣ гардид.

Нигористон

Тақвим