52 парвози чартерии иловагӣ ҷиҳати баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия

01.09.2020 15:45

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 то 15 сентябр аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 52 парвози чартерии иловагӣ барои тадриҷан ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия ба Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. Дар ин хусус Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии COVID-19 қарор қабул намуд.

Бояд тазаккур дод, ки парвозҳои чартерӣ дар мувофиқа бо мақомоти Русия анҷом дода мешаванд.

Ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиш бо усули вокуниши занҷиравии полимеразӣ (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд.

Рӯйхати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил кардан ба парвозҳои чартерӣ аз ҷониби комиссияҳои махсус, ки дар назди Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия фаъолият мекунанд, тартиб дода мешавад. Ҳамзамон, афзалият ба гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама, беморон, занони дорои кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки қаблан ба Русия бо сафари хизматӣ рафтаанд, дода мешавад.

Ҳамватанон метавонанд дархостҳои худро барои бозгашт ба Ватан ба тарзи электронӣ ба имейли charter-russia@mfa.tj барои баррасии минбаъдаи комиссияҳои зикршуда фиристанд.

Вазорат ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки 22 июл ҷониби Русия дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барқарор кардани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ бо Федератсияи Русия бо риояи қатъии талаботи санитарию зиддиэпидемикӣ расман хабардор карда шуд. Ҷониби Русия дар навбати худ иттилоъ дод, ки таърихи барқарор кардани парвозҳои мунтазам баъд аз машваратҳои мақомоти авиатсионии ду кишвар муайян карда мешаванд.

Ҷадвали парвозҳои чартерии ба нақша гирифташуда аз 1 то 15 сентябр дар зер омадааст:

— 1 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 1 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 1 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;

— 1 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;

— 2 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 2 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 2 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

— 2 сентябри соли 2020, Краснодар-Душанбе;

— 3 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 3 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 3 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;

— 4 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 4 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 4 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

— 5 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 5 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 5 сентябри соли 2020, Иркутск-Душанбе;

— 6 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 6 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 6 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

— 6 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;

— 7 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 7 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 7 сентябри соли 2020, Сургут-Душанбе;

— 7 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;

— 8 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 8 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 8 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

— 9 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 9 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 9 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;

— 10 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 10 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 10 сентябри соли 2020, Сочи-Душанбе;

— 10 сентябри соли 2020, Красноярск-Душанбе;

— 11 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 11 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 11 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

— 12 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 12 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 12 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;

— 13 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 13 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 13 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;

— 13 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;

— 14 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 14 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 14 сентябри соли 2020, Сургут-Душанбе;

— 14 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;

— 15 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 15 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;

— 15 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе.

Нигористон

Тақвим