Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятеро, ки ба он донишҷӯёни тоҷик дар робита ба набудани имкони сафар ба Федератсияи Русия барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дучор шудаанд, назорат мекунад.
24 августи соли равон Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ба Сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ҳоло беш аз чаҳор ҳазор донишҷӯ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил мекунанд. Таъкид гардидааст, ки аз шумораи умумии онҳо беш аз ҳазор нафар донишҷӯёни нав қабулшуда мебошанд, ки бояд ҳарчи зудтар ба Русия сафар кунанд ва тибқи талаботи муассисаҳои таҳсилоти олӣ расмиёти заруриро ба анҷом расонанд.
Дар ин робита, вазорат аз сафорат хоҳиш кардааст, ки дар гирифтани иҷозат аз Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз вуруд ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ба Федератсияи Русия барои сафари донишҷӯёни тоҷик дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (варақаи донишҷӯӣ, маълумотномаи донишгоҳ ва ғ.) мусоидат намояд.
Вазорати корҳои хориҷии кишвар ҳамчунин тазаккур медиҳад, ки масъалаи мазкур айни ҳол дар баррасии ҷониби Русия қарор дорад.