Сафари Вазири корҳои хориҷӣ ба Швейтсария

03.12.2014 04:44

3 декабри соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи 21-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба шаҳри Базели Конфедератсияи Швейтсария сафар намуд.  

Зимни сафар мулоқотҳои дуҷонибаи С.Аслов бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои САҲА ва созмонҳои байналмилалии муқими Женева дар назар аст.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим