Вохурии Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Миср

03.12.2014 08:25

1 декабри 2014 дар Қоҳира мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Ёсир Мурод баргузор гардид.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Миср дар заминаҳои гуногун баррасӣ гардиданд.

Мусоҳибон таъкид намуданд, ки барои таҳким ва тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар истифодаи муассир аз имкониятҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию фаннӣ зарурӣ мебошад.

Вохурии Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Миср

 

Нигористон

Тақвим