Идомаи бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Аврупо ва Америка

29.07.2020 16:20

28 июли 2020 дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 80 шаҳрванди кишвар, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Аврупо ва Америка дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Франкфурт ба Душанбе баргардонида шуданд.

Қаблан, 8 июли соли ҷорӣ 161 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Франкфурт ба Душанбе баргардонида буданд.

Нигористон

Тақвим