Дувумин мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат»

23.07.2020 16:40

23 июли 2020 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи якуми Дувумин мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳ Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ таъкид кард, ки соли гузашта бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” гузошта шуд. Мояи сурур аст, ки ин ибтикори муҳим идома ёфта, имсол кишвари мо шоҳиди баргузории Дувумин мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» мебошад. Амри мазкур, бидуни тардид, аз таваҷҷуҳи фаровони Пешвои миллат ба соҳаи варзиш ва ба вежа бозии шоҳмот гувоҳӣ медиҳад.

Таъкид гардид, ки шоҳмот ё шатранҷ яке аз куҳантарин бозиҳост, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон ривоҷу шуҳрат дорад. Шатранҷ мусобиқаи зеҳнҳо ва навъе варзиши фикрист. Дониш, ҳуш, рой, ҳофиза ва диққат аносиреанд, ки барандаро дар ин бозӣ муайян мекунанд. Шоёни зикр аст, ки ин “нағзбозӣ”, бино ба тавсифи яке аз бузургони мо, бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик гиреҳ хӯрдааст.

Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур 30 корманди Вазорати корҳои хориҷӣ ширкат варзид ва аз онҳо 5 нафар баранда шуда, ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд.

PS7A5195 - 23 07 2020 16 40.jpg

PS7A5261 - 23 07 2020 16 40.jpg

Нигористон

Тақвим