17 июли 2020 бо дархости ҷониби озарӣ Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Мамедзодаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла рафти иҷрои тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон моҳи августи соли 2018 ҳосил шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамсуҳбатон инчунин задухӯрдҳои мусаллаҳонаеро, ки аз 12 июли 2020 боз дар сарҳади байни Озарбойҷон ва Арманистон рух медиҳанд, муҳокима намуданд. Ҷониби Тоҷикистон аз ташаннуҷи вазъ дар сарҳади байни Озарбойҷон ва Арманистон, ки ба талафоти ҷонӣ овардааст, изҳори нигаронӣ намуд. Изҳори умедворӣ шуд, ки низоъ ҳар чи зудтар бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ҳал гардад.