Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ташаннуҷи вазъ ва ҳодисаи мусаллаҳона дар марзи Озарбойҷон ва Арманистон, ки ба талафоти ҷонӣ овард, амиқан изҳори нигаронӣ менамояд.
Ҷонибҳоро даъват менамоем, ки ба манзури роҳ надодан ба ташаннуҷи бештари вазъи мураккаб, худдории ҳадди аксар нишон дода, ба низоми оташбас пойбанд бошанд.
Изҳори умедворӣ менамоем, ки Озарбойҷон ва Арманистон ба корбурди роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ба вуҷудоянда ҳар чи зудтар баргарданд.
Ба наздикону пайвандони ҷонбохтагон изҳори таслият менамоем.
16 июли 2020