Вазорати корҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Корея мерасонад, ки тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Точикистон 21 июли 2020 парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар масири Душанбе-Сеул-Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея муроҷиат намуда, барои хонапурӣ кардани саволнома аз пайванди зерин истифода намоянд: https://forms.gle/VL8NTWKMPwEX7xGs6
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамватанон ва шаҳрвандони хориҷие, ки қабл аз баста шудани марзҳо раводиди Ҷумҳурии Кореяро дастрас кардаанд, имкони парвоз ба Сеулро доранд.
Мушаххасоти Сафорати кишвар дар Сеул:
Тел: +82 027922535
Тел: +82 1059399339
Тел: +82 1059379861
E-mail: tjkoreaemb@mfa.tj