Мулоқоти видеоӣ бо Сафири Ҷумҳурии Италия

08.07.2020 10:03

6 июли 2020 мулоқоти видеоии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Тошканд Андреа Бертотсӣ бино бар ба поён ёфтани маъмурияти дипломатиаш барпо гардид.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба ҷаноби Бертотсӣ барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба миннатдорӣ баён намуд. Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо инчунин аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташуда, аз ҷумла вохӯриҳо дар сатҳи олӣ ва баландро, пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳон бар асари вобаста ба ҳамагирӣ таъкид карданд.

 

 

Нигористон

Тақвим