7 июли 2020 суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Тосимитсу Мотэги баргузор гардид.
Дар ибтидо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷопон ба муносибати талафоти ҷониву хисороти зиёди моддӣ бар асари обхезӣ ва ярч дар ҷануби Япония изҳори ҳамдардӣ кард.
Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар заминаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Мусоҳибон зимни арзёбии ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва тиб, бар аҳаммияти идомаи ҳамёрӣ ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пирӯзӣ бар ҳамагирии Ковид-19 таъкид карданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз кумакҳои Ҷопон барои соҳаҳои зерсохторӣ, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии ҷомеа, омӯзиш ва рушди малака дар доираи Кумаки расмии рушд (ODA) изҳори сипос намуд.
Ёдоварӣ шуд, ки маориф ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои муҳимми рушди стратегӣ дар Тоҷикистон мебошад, мутахассисони кишвари мо дар давраҳои гуногуни бозомӯзӣ дар Япония таҳсил мекунанд. Дар ин замина лоиҳаи Стипендияи рушди захираҳои инсонии Барномаи кумаки Ҷопон (JDS) дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва мудирият, инчунин Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта истодаанд.