Хабар дар бораи парвози чартерӣ ба/аз Минск

04.07.2020 12:44

Вазорати корҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Беларус ва Украина мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июли 2020 танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Душанбе-Минск-Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ имкон доранд, бо ҳавопаймои мазкур ба Минск парвоз намоянд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Беларус ва Украина метавонанд муроҷиат кунанд.

Мушаххасоти сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Сафорати Тоҷикистон дар Беларус

Тел: +375 17 549 01 83

Е-mail: tajembminsk@mfa.tj

 

Сафорати Тоҷикистон дар Украина

Тел: +380950162777

E-mail: tajembkyiv@mfa.tj

 

Нигористон

Тақвим