Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон ва Ӯзбекистон

04.07.2020 00:24

3 июли 2020 дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 776 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино бар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд.

Иқдоми мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Қазоқистону Ӯзбекистон, инчунин Намояндагии минтақавии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ амалӣ гардид. 

Ҳамчунин 2 июли соли ҷорӣ 67 ва 3 июл тақрибан 70 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон тариқи гузаргоҳҳои “Дустӣ” ва “Фотеҳобод”-и сарҳади давлатии Тоҷикистон ба Ватан оварда шуданд.

Нигористон

Тақвим