1 июли соли ҷорӣ 108 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино бар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Қисми бештари мусофиронро занону кӯдакон ва пиронсолон ташкил доданд.
Бояд қайд кард, ки 3 июли 2020 шаҳрвандони боқимонда (беш аз 650 нафар) аз гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и Қазоқистон ба Тоҷикистон оварда хоҳанд шуд.