30 июни 2020 нишасти видеоии сатҳи баланд дар қолаби С5+1 бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар мулоқоти мазкур масъалаҳои мубориза бо бемории COVID-19, паёмадҳои он ба соҳаҳои тандурустӣ ва иқтисодӣ, талошҳои кишварҳо дар бартараф кардани он, устувории иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иқдомҳои Ҳукумати кишвар барои коҳиши густариши COVID-19, нақши ҳамкориҳои минтақавӣ ва мусоидати шарикон дар ин равандро муҳим арзёбӣ намуда, андешидани тадбирҳоро ба мақсади пешгирии мавҷи эҳтимолии навбатӣ зимни тадриҷан сабук кардани низоми карантин пешниҳод кард.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки гурӯҳҳои кории иқтисодӣ ва муҳитизистӣ дар қолаби С5+1 низ метавонанд дар бартараф кардани мушкилиҳои соҳаҳои хеш нақш дошта бошанд.
Ҷониби америкоӣ омодагиро барои истифодаи имкониятҳои худ ба мақсади рушди иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ва тавсеаи савдо изҳор дошт.
Иштирокдорон зарурати ҳамгироии иқтисодӣ ва тиҷоратии бештарро таъкид дошта, ба пешбурди ҳамкориҳо барои таҳкими амният дар минтақа даъват намуданд.