Дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парвозҳои махсуси ширкатҳои ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” 25 июни соли ҷорӣ 230 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Москва, 26 июн 228 шаҳрванди кишвар аз Қазон ва 30 июн 184 шаҳрванди кишвар аз Новосибирск ба Ватан баргаштанд.
Бо парвозҳои мазкур пеш аз ҳама занону кӯдакон ва беморон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар Федератсияи Русия дармонда буданд, оварда шуданд.