28 июни 2020 дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ӯзбекистон 97 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино бар баста будани марзҳо дар он кишвар муваққатан қарор доштанд, тариқи гузаргоҳи “Дустӣ”-и сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба Ватан оварда шуданд.
Ҳамчунин 29 июни соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти қазоқистонӣ 200 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Алмато ба Душанбе баргаштанд.