Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон ва Ӯзбекистон

20.06.2020 12:08

20 июни соли ҷорӣ 553 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино бар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Ҳамзамон беш аз 100 шаҳрванди кишвар, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд, ба Тоҷикистон оварда шуданд. Шаҳрвандони мазкур субҳи 20 июн тавассути гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳобод ба Тоҷикистон расиданд.

Дар ин росто ба мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мусоидати фаврӣ ҷиҳати убури бемамониати сарҳад ва ташкили долони транзитии мустақим барои ҳаракати шаҳрвандони кишвар ва ба Созмони ҷаҳонии муҳоҷират барои мусоидат дар пешниҳоди воситаҳои нақлиёт барои интиқоли ҳамватанон изҳори сипос мегардад.

 

Нигористон

Тақвим