Татбиқи ташаббуси «Осиёи Марказии сабз» дар Тоҷикистон

12.06.2020 17:18

11 июни 2020 дар Берлин мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо бо намояндагони Донишкадаи пажӯҳиши паёмадҳои тағйири иқлими Потсдам баргузор гардид.

Дар мулоқот дар баробари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар бобати об ва захираҳои он, роҷеъ ба сатҳи татбиқи амалии ташаббуси «Осиёи Марказии Сабз» ва дурнамои он дар давраи пасокоронавирусӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.   Ин ташаббус январи 2020 бо ширкати вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон шурӯъ гардида буд.

Мутахассисони олмонӣ имрӯзҳо бо ҳамтоёни тоҷик дар бобати ҷилавгирӣ аз паёмадҳои гармоиши ҷаҳонӣ омӯзиши пиряхҳо ва таъсири он ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт ҳамкориҳои густардаро ба роҳ мондаанд.

Сафири Тоҷикистон аҳаммияти Маркази пиряхшиносии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои татбиқи ин ташаббус муҳим шумурда, пешниҳод намуд, ки барои афзудани зарфиятҳои он мусоидати техникӣ ва мубодилаи таҷриба сурат гирад. Доктор Ҳаттерманн изҳори омодагӣ намуд, ки бо Академияи илмҳо ва дигар донишгоҳҳои Тоҷикистон дар самти омӯзишу пажӯҳиш ва таҳияи моделҳои мухталифи рушд бо дарназардошти гармоиши ҷаҳонӣ ҳамкорӣ кунад. Тавофуқ ҳосил гардид, ки дар ояндаи наздик мубодилаи сафарҳои коршиносони Тоҷикистону Олмон сурат гирад.

Aks-2-12-06-2020-1724.jpg

 

Нигористон

Тақвим