11 июни 2020 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки бо ташаббуси Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) дар шакли видео-конфронс ташкил гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои минтақа, аз ҷумла дар доираи UNRCCA, инчунин самтҳои мубрам ва авлавиятноки талошҳои муштарак, ки барои таҳкими амният ва рушди устувори Осиёи Марказӣ равона шудаанд, табодули назар намуданд.
Дар навбати худ Муовини вазири корҳои хориҷӣ дар ростои паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 ба ширкаткунандагон оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мушаххас ироа карда, бо дарназардошти паёмадҳои бемории мазкур ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо ҳамаи ҷонибҳоро ба таҳкими ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо даъват намуд.