Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири кишоварзии Озарбойҷон

10.06.2020 17:37

9 июни 2020 дар Боку мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон, раиси қисмати озарии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба хамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон Инъом Каримов баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, нақлиёту транзит, кишоварзӣ, ҳавопаймоӣ, гидроэнергетика, саноат,  маориф ва сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи тадбирҳои амалии густариши баъдии муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мазкур изҳори назар карданд.

Нигористон

Тақвим