Чи тавре ки маълум аст, 2 июни соли ҷорӣ 237 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и байни сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти ду кишвари мазкур ва мусоидати сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд.
Тибқи маълумоти расида, имрӯзҳо гурӯҳи дигари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (беш аз 30 нафар), ки нияти бозгашт ба Ватанро доранд, бино бар баста будани марзҳои давлатӣ дар назди гузаргоҳи номбурда ҷамъ омадаанд. Чунин ҳолат боис мегардад, ки то гирифтани иҷозати убури сарҳад аз мақомоти дахлдори Қазоқистон ва Ӯзбекистон мардуми дар марз дармонда сарсону саргардон шаванд.
Намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони муқими он кишвар бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба шаҳрвандони дар минтақаи марзӣ дармонда ҷиҳати таъмини онҳо бо ғизо ва ҷойи хоб мусоидат менамоянд.
Таъкид бояд кард, ки аз 16 марти 2020 бино бар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари ҳамагирии COVID-19, барои ворид шудан ба хоки он ду кишвар маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.
Бино бар ин, ба ҳамватанон тавсия дода мешавад, ки то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар минтақа аз сафар ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон ва убури транзитӣ аз он ду кишвар худдорӣ намоянд.