Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сарҳади давлатии Қазоқистону Ӯзбекистон дармонда буданд

03.06.2020 00:18

Шоми 2 июни соли ҷорӣ 237 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и байни сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар ин росто миннатдории самимӣ ба мақомоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати мусоидати фаврӣ дар ташкили долони бетамоси транзитии мустақим дар қаламрави он кишвар барои интиқоли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор мегардад.

Ҳамзамон сипоси беандоза ба мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати таъмини шароит барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади убури бемамониати сарҳад баён карда мешавад.

Нигористон

Тақвим