29 майи 2020 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштироккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.
Ба рӯзномаи ҷаласа 15 масъалаи ҳамкориҳои давлатҳои иштироккунандаи ИДМ дар соҳаҳои иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ ва энергетика ворид гардида буд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба густариши муносибатҳо дар соҳаи маориф, сайёҳӣ, варзиш, фарҳанг ва кор бо ҷавонон зоҳир шуд.
Роҳбарони ҳайатҳо дар мулоқот оид ба вазъи эпидемиологӣ, ки дар натиҷаи шуюи коронавируси нав (COVID-19) ба вуҷуд омад, мубодилаи афкор намуданд. Тавофуқ ҳосил гардид, ки ҷонибҳо кӯшишҳоро дар мавриди бартараф намудани паёмадҳои ҳамагирӣ ҳамоҳанг месозанд. Дар ин замина, Изҳороти сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштироккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар робита ба интишори бемории сироятии коронавируси нав қабул гардид.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар моҳи ноябри соли 2020 дар Тошканд баргузор хоҳад шуд.