Чорабинии сатҳи баланд бахшида ба маблағгузорӣ баҳри рушд дар замони ҳамагирии COVID-19 ва пас аз он

29.05.2020 18:51

28  майи 2020 бо ташаббуси ҳукуматҳои Канада ва Ҷамайка ва Дабири кулли СММ ҳамоиши маҷозии сатҳи баланд роҷеъ ба маблағгузорӣ барои рушд дар замони ҳамагирии COVID-19 ва пас аз он баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур аз ду қисм – сегменти сатҳи баланд ва панели сатҳи баланд иборат буда, дар сегменти сатҳи баланд сарони  давлатҳо/ҳукуматҳо ва панели сатҳи баланд роҳбарони  муассисаҳои байниҳукуматии молиявӣ суханронӣ намуданд. Сарони давлатҳо/ҳукуматҳо дар бораи таҳия намудани роҳи ҳалли глобалӣ барои коҳиш додани паёмадҳои иқтисодию иҷтимоии бемории ҳамагир ва таъсири он ба мардуми ниёзманд изҳори андеша карданд.

Дар сегменти сатҳи баланд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд. Сарвазири кишвари мо қайд кард, ки ҳамагирии коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро бо вазифаҳои ҷиддию мушкил рӯ ба рӯ кард, ки баҳри ҳалли онҳо талошҳои муштарак ва сафарбарсозии манбаъҳои мавҷуда зарур мебошад. Ӯ афзӯд, ки ба ин хотир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявии доимамалкунанда ва Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба боздорӣ ва коҳиш додани паёмадҳои паҳншавии коронавирусро таъсис дод.

Сарвазири кишвар инчунин изҳор дошт, ки шуюи коронавирус сабабгори муваққатан баста шудани марзҳо бо ҳамсоякишварҳо ва халалдор гардидани занҷираҳои тиҷоратӣ ва алоқаи нақлиётӣ гардида, раванди татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузориро дар кишвар суст гардонид.

Илова бар ин, Қоҳир Расулзода паёмадҳои манфии шуюи бемории ҳамагир ба иқтисодиёти кишвар ва зарурати бознигарии  қарзҳои берунаи кишварҳои рӯ ба тараққиро таъкид карда, ба муассисаҳои СММ ва шарикони рушд барои расонидани кӯмак арзи сипос намуд.

Sarvazir-FFD-29-05-2020-1851.png

 

Нигористон

Тақвим