Ба ифтихори 28-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон

29.05.2020 10:11

29 майи 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 28-умин солгарди барқарор шудани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд.

Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар рӯҳияи эҳтироми мутақобил ва шарокат густариш меёбанд.

Санади асосие, ки самтҳои авлавиятноки рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷонро ба танзим медарорад, ҳамоно Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошад, ки 16 марти 2007 ба имзо расидааст.

Дар густариш ва таҳкими ҳамкориҳо миёни ду кишвар робитаҳои гарму дӯстона ва ҳусни эътимоди сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев саҳмгузор мебошанд.

Муносибатҳои байнидавлатӣ дар заминаи пойдори қарордодиву ҳуқуқӣ, ки 57 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад, танзим мешаванд. Дар ҳоли ҳозир пешнависи 17 созишномаи дигар дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар моҳи августи соли 2018 ҳамчун рӯйдоди муҳим дар рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон арзёбӣ мегардад. Дар натиҷаи он сафар 12 санад ба имзо расид, ки ба густариши бештари муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсию тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию фаннӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мусоидат хоҳанд кард.

Абзори муҳимми рушди муносибатҳои иқтисодӣ Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ мебошад, ки соли 2008 таъсис ёфт. Дар давраи сипаришуда чаҳор ҷаласаи Комиссия баргузор гардид, ки дар доираи он ҷиҳати пешбурди тиҷорат ва сармоягузориҳои мутақобил тавофуқҳо ҳосил шуданд.

Ҳаҷми гардиши тиҷорати дуҷониба дар соли 2019 беш аз 6 млн доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар семоҳаи аввали соли 2020 ин нишондод ба беш аз 2 млн доллари ИМА расид.

Самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон металлургияи ранга, комплекси агросаноатӣ, энергетика, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия мебошанд.

Ширкатҳои тоҷикӣ бо шарикони озарии худ дар бахши нафт ва саноати кишоварзӣ ҳамкории зич барқарор намудаанд, ки ин ба таъсиси корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи Озарбойҷон имкон фароҳам меорад. Дар ин росто ҳамкорӣ бо ширкати давлатии нафти Озарбойҷон "СОКАР" ба роҳ монда шудааст.

Ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ ва истифодаи имкониятҳои транзитии Озарбойҷон ҷанбаи калидии робитаҳои иқтисодӣ мебошад. Ҷараёни асосии боркашонии маҳсулоти Тоҷикистон тариқи долони Фароқафқозӣ сурат мегирад.

Корхонаи ТАЛКО-и Тоҷикистон маҳсулоти алюминийи истеҳсолшударо тавассути роҳҳои баҳрӣ ва оҳани Озарбойҷон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо интиқол медиҳад. Ғайр аз ин, корҳо бобати ба таври муштарак оғоз намудани фаъолияти корхонаи гилхокбарории Ганҷа идома доранд.

Соли 2020 дар Озарбойҷон сохтори бисёрҷанбаи тиҷоратии Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар доираи фаъолияти ин сохтор таваҷҷуҳи хос ба фурӯши маҳсулоти саноати сабук ва кишоварзии Тоҷикистон дар бозори Озарбойҷон равона мегардад.

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкории фаъол ба роҳ монда, мунтазам дар мавриди масъалаҳои муҳимми рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ ройзаниҳо анҷом медиҳанд.

Кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди СММ, САҲА, ИДМ, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳамкорӣ мекунанд. Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар мавриди масъалаҳои калидии рӯзномаи бисёрҷониба мавқеи яксон ё наздик доранд.

Соли 2011 Тоҷикистон номзадии Озарбойҷонро дар интихобот ба узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ, инчунин номзадии намояндаи он кишварро дар Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО барои солҳои 2018-2022 дастгирӣ намуд.

Робитаҳои байнипарлумонӣ дар доираи Гурӯҳи таъсисёфтаи дӯстӣ идома доранд.

Ҳамкориҳои байниминтақавӣ босуръат инкишоф ёфта истодаанд. Байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Ганҷа ҳамкориҳои зич барқарор шудаанд. Ғайр аз ин, ҷонибҳо ният доранд, ки ҳамкориҳоро байни шаҳрҳои Данғара ва Нахчивон, Сумгаит ва Турсунзода, инчунин байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Худмухтори Нахчивони Озарбойҷон расман барқарор кунанд.

Робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ба таври шоиста густариш меёбанд. Қаробати жанрҳои мусиқии классикии «Шашмақом»-тоҷикӣ ва «Мақом»-и озарӣ, инчунин ҳамнавоии «Фалак»-и тоҷикӣ ва «Ошиқ»-и озарӣ заминаи хуб барои чунин ҳамкориҳост. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангӣ, аз қабили Рӯзҳо ва Ҳафтаҳои фарҳанг, намоишгоҳҳо ва ҷашнвораҳои филм, дар таҳкими равобити фарҳангӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Байни ду кишвар ҳамкорӣ дар соҳаи маориф батадриҷ таҳким меёбад. Дар ҳоли ҳозир дар асоси Протоколи дуҷониба дар бораи ҷудо кардани бурсияҳо тавассути вазоратҳои маориф, инчунин аз тариқи грантҳои Созмони ҳамкории исломӣ 47 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Озарбойҷон таҳсил мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими бештари муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Озарбойҷон манфиатдор мебошад.

7589483054-75c4ceca8c-o-29-05-2020-1011.jpg

 

Нигористон

Тақвим