29 майи 2020 дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 90 шаҳрванди боқимондаи кишвар, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар Ҳиндустон дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Деҳлӣ ба Душанбе баргардонида шуданд.
Ҳамзамон бегоҳи 28 май бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Эйр Индия” кӯмаки башардӯстонаи Ҳиндустон иборат аз маводди доруворӣ барои мубориза бо коронавирус расид.