Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Ӯзбекистон

12.05.2020 17:09

11 майи 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматовро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ба ҷониби Ӯзбекистон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон иқдоми мазкурро ҳамчун намоиши возеҳи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни мардумони ду кишвар арзёбӣ мекунад.

Мусоҳибон инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

S7A2722-12-05-2020-1709.jpg

Нигористон

Тақвим