5 майи 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо зикр намуданд, ки дар Тоҷикистон ҳодисаҳо дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистонро, ки он ҷо сарбанди обанбори Сардобин рахна шудааст, бо ҳамдардии амиқ пайгирӣ мекунанд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар ин рӯзҳо халқи тоҷик бо дилу ҷон дар паҳлӯи халқи бародари ӯзбек қарор дорад.
Сарони давлатҳо авзои кунунии эпидемиологии минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъяти ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд. Дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омодагии худро барои амалҳои муштарак ҷиҳати рафъи ҳолатҳои бӯҳронӣ бори дигар тасдиқ карданд.
Сарони давлатҳо инчунин оид ба рӯзномаи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи афкор намуданд. Онҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ба манфиати ду халқ чораҳои таъхирнопазир меандешанд.
Президенти Тоҷикистон ба Президент ва ба мардуми Ӯзбекистон саломатӣ ва бурдборӣ таманно намуданд.