Суҳбати телефонии Президенти Тоҷикистон бо Президенти Ӯзбекистон

04.04.2020 12:40

3 апрели 2020 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбати телефонӣ сарони ду давлат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, инчунин мушкилоти марбут ба паҳншавии глобалии коронавирусро баррасӣ намуданд. Тасмим гирифта шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи кумаки мутақобила ва дастгирӣ дар мубориза бар зидди пандемия пурзӯр карда мешаванд.

Дар ин робита, қарор шуд, ба сарвазирони ду кишвар супориш дода мешавад, ки дар мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус чораҳои муштарак андешида, ҳамкориро дар соҳаи тиҷорат ва ҳамгироии иҷтимоию иқтисодӣ тақвият бахшанд.

http://president.tj/node/22794

 

 

Нигористон

Тақвим