Хабар дар бораи муваққатан баста шудани сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон

24.03.2020 16:29

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба сабаби эълон гардидани ҳамагирии коронавирус COVID-19 ва вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ, эътиборан аз 24 марти 2020 гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон то ба эътидол омадани вазъият баста мешаванд.

Бояд таъкид кард, ки маҳдудияти мазкур нисбати шаҳрвандони мо, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки аз Тоҷикистон берун мешаванд, ронандагони автомобилҳои боркаш, дипломатҳо ва аъзои оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, инчунин аъзои ҳайатҳои ҳукуматӣ татбиқ намегардад.

 

Нигористон

Тақвим