Эълон оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ

13.11.2014 10:41

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холии зерин озмун эълон менамояд:

- мутахассис, котиби 1 - Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (2);

- мутахассис, котиби 1 - Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ (2);

- мутахассис, котиби 3, котиби 2 -  Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ (3);

- мутахассис, котиби 3 - Раёсати молиявӣ (2);  
            

Талабот нисбати довталабон:

Маълумоти олии дахлдор, донистани асосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва иқтисодӣ, дониши мукаммали забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хориҷӣ (англисӣ, олмонӣ, чинӣ, фаронсавӣ ва арабӣ), барои вазифаҳои дипломатии котиби якум, котиби дуюм, котиби сеюм собиқаи корӣ на кам аз 3 сол ва донистани барномаҳои  компютерӣ ҳатмист. Маош аз 400 то 800 сомонӣ.

Хоҳишмандон метавонанд ба Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1. Ариза (55 КБЭълон оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ) ба номи Вазири корҳои хориҷӣ;
2. Саволномаи (варақаи шахсӣ) шакли муқарраршуда;
3. Тарҷумаи ҳол;
4. 2 дона расм (4,5 х 6,5);
5. Нусхаи шиноснома;
6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғайра);
7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
8. Маълумотномаи тиббии №086 (тибқи тартиби муайянгардида);
9. Маълумотнома оид ба даромад ва амвол;
10.Тавсифнома аз ҷойи кор:   
11.Маълумотнома оид ба доғи судӣ;
12.Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;

Ҳуҷҷатҳо аз 13 ноябр то 1 декабри соли 2014 қабул карда мешаванд.

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Шероз 33.

Телефон барои гирифтани маълумоти иловагӣ:  221-70-27.

 

Нигористон

Тақвим